19 Май 2025 - 22:15
Source: ABNA
«Аробаҳои Гидеон» ва оғози марҳилаи ҷадиди ваҳшоният режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Шиддат ёфтани ваҳшонияти саҳюнистон дар Ғазза ва афзоиши омори шаҳидони фаластинӣ натиҷаи оғози тарҳи ҷадиди ҷангии режими саҳюнистӣ аст, ки қарор аст чанд моҳ идома дошта бошад.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Ҷазира, кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ дар ибтидои моҳи майи соли ҷорӣ тарҳи амалиёти «Аробаҳои Гидеон»-ро бо даъвои дастёбӣ ба пирӯзии низомӣ ва сиёсӣ дар Ғазза ва дар амал бо ҳадафи идомаи наслкушӣ ва ваҳшоният алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ тасвиб кард.

Ин амалиёт аз се марҳила иборат аст ва дар ҷараёни он қарор аст аз 5 омили фишор алайҳи нерӯҳои муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) истифода шавад, то шояд, ба гумони саҳюнистон, онҳоро маҷбур ба қабули тавофуқи таҳвили асирон ва халоъи силоҳи муқовимат бидуни тавқифи ҷанг дар Ғазза намояд. Артиши Исроил дар ҳамин робита фарохони даҳҳо ҳазор нафар аз нерӯҳои захиравии худро оғоз кардааст.

Аҳдофи амалиёт
Бар асоси эъломи ожанси расонаии режими саҳюнистӣ дар рӯзи панҷуми майи соли ҷорӣ, ин амалиёт бо ҳадафи ишғоли комили Ғазза сурат гирифтааст.

Номгузорӣ
Ин амалиёт дар забони ибрӣ «Миркавот Гидеон» номида мешавад, ки ба маънои аробаҳои Гидеон аст. Ин ном нишонаҳои талмудӣ, таърихӣ ва низомӣ барои саҳюнистон дорад. Режими саҳюнистӣ дар ҷараёни нақбаи соли 1948 яке аз амалиётҳои низомии худро «Амалиёти Гидеон» номгузорӣ карда буд, ки ҳадаф аз он таҳти назорат гирифтани минтақаи Бейсон Фаластин ва ихроҷи сокинони он буд.

Номи аробаҳои Гидеон ба густариши ҷанг дар Навори Ғазза ва азми саҳюнистон барои ишғоли ин минтақаи ҷангзада ишора дорад ва пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷаи ин амалиёт, ваҳшонияти саҳюнистон дар Ғазза ба маротиб шадидтар аз пеш сурат гирад, ҳамонгуна ки дар ҷараёни амалиёти Гидеон низ фаластиниён дар минтақаи Бейсон ҳадафи наслкушии режими саҳюнистӣ қарор гирифтанд. Гидеон ба маънои мубориз ва номи як шахсияти тавротӣ аст, ки дар «Китоби Доварон» аз ӯ ном бурда шудааст.

Амалиёти Гидеон 1948
Ин амалиёт яке аз охирин амалиётҳое буд, ки шубҳанизомиёни саҳюнистӣ ва террористии Ҳагана пеш аз поёни қаймумияти Англия дар Фаластин алайҳи фаластиниён анҷом доданд. Ҳадаф аз ин амалиёт таҳти назорат гирифтани шаҳри Бейсон буд. Ин амалиёт аз сӯи Типи Гуланӣ дар рӯзҳои 10 ва 15 майи 1948 анҷом шуд ва саҳюнистон тавонистанд бо наслкушии теъдоди зиёде аз фаластиниёни ин минтақа, арозии онро таҳти назорати худ бигиранд.

Мароҳили амалиёти Аробаҳои Гидеон
Бар асоси эъломи расонаҳои расмии режими саҳюнистӣ, ҳадаф аз ин амалиёт густариши доманаи ҷанг дар Ғазза дар марҳилаи аввали он аст, ки эҳтимолан чанд моҳ идома дошта бошад. Дар ин марҳила қарор аст сокинони шимоли Ғазза ба сурати комил аз минтақа хориҷ шаванд ва ба сӯи ҷануби Ғазза кашида шаванд ва артиши Исроил дар минтақаҳои шимолӣ мустақар шавад.

Режими саҳюнистӣ аз ширкатҳои ғайринизомӣ барои тарсими нақшаи ҳузури артиш истифода хоҳад кард. Бар асоси ин тарҳ, режими саҳюнистӣ Рафаҳ ва минтақаи пушти «хати Мораг»-ро минтақаи амн эълон хоҳад кард ва албатта вуруд ба ин минтақаҳо бо бозрасӣ аз сӯи саҳюнистон анҷом хоҳад шуд.

Артиши Исроил даъво дорад, ки дар марҳилаи дувум, тарҳи инсониро пеш хоҳад бурд, ки анҷоми амалиёти ҳавоӣ дар канори ҳамалоти заминӣ аст ва дар ин марҳила қарор аст сокинони ғайринизомӣ ба «паноҳгоҳҳои амн» дар Рафаҳ мунтақил шаванд.

Режими саҳюнистӣ дар марҳилаи сеюми ин тарҳ, ба ишғоли густарда ва тадриҷии бахшҳои зиёде аз арозии шимоли Ғазза мепардозад, то тавонад мавҷудияти низомии дарозмуддати худ дар ин минтақа барои аз байн бурдани Ҳамос ва тахриби комили тунелҳои Ғазза тазмин кунад.

Режими саҳюнистӣ пеш аз ин низ минтақаҳои шимолии Ғаззаро ба сурати комил таҳти ишғоли худ гирифта буд, аммо дар ин муддати тӯлонӣ натавонист ба мавҷудият ва амалиёти нерӯҳои Ҳамос дар ин минтақа поён диҳад ва тунелҳои онҳоро аз байн бибарад. Саҳюнистон дар ин муддат борҳо бо каминҳои маргбори нерӯҳои муқовимат рӯбарӯ шуда ва теъдоди зиёде аз нерӯҳои худро аз даст доданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha